Маҷаллаи бонуфузи фаронсавӣ «The Investor» шумораи махсуси худро ба Тоҷикистон мебахшад

Июнь 20, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. «The Investor» — маҷаллаи бонуфузи фаронсавӣ тасмим гирифтааст, ки нашри махсуси худро ба Тоҷикистон бахшад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сардабири маҷаллаи байналмилалии «The Investor» Леандро Словински дар шаҳри Душанбе мулоқот намуда, имкони нашри шумораи махсуси маҷалла дар бораи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар бораи ислоҳоте, ки дар мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт амалӣ шудааст, муфассал маълумот дод. Аз ҷумла, тадбирҳои андешидашуда оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтор, беҳдошти сифати роҳҳо, рақамикунонии соҳа, барӯихатгирии дороиҳои роҳ, гузариш ба нақлиёти барқӣ ва ғайра номбар карда шуданд.

Иброз гардид, ки дар раддабандии охирини Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба сифати роҳҳои мошингард Тоҷикистон дар байни 165 кишвари ҷаҳон мақоми 44-умро ишғол намуда, мавқеи худро нисбат ба раддабандии қаблӣ 6 зина беҳтар кардааст.

Леандро Словински дигаргуниҳои дар Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун баамаломадаро, ки ҳаёти мардумро ба куллӣ тағйир доданд, баланд арзёбӣ намуд. Ӯ изҳори омодагӣ кард, ки дар муаррифии бештари Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешбурди мамлакат дар бозори байналмилалӣ ҳамчун яке аз ҷолибтарин кишварҳо барои ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ саҳм гузорад.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо дар бораи табодули иттилоот дар мавзӯъҳои муайян ва ташкили маъракаҳои PR-таблиғотӣ, ки ба эҷоди нуфузи мусбати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона хоҳанд шуд, инчунин дар бораи нашри шумораи махсуси маҷаллаи «The Investor» бахшида ба Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон Сардабири «The Investor», бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат мулоқот менамояд.

 

Маълумот дар бораи «The Investor»:

Маҷаллаи «The Investor», ки ба таблиғу тарвиҷи сармоягузорӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд машғул аст, аз ҷониби «Beyond Investments Group» – ширкати бонуфузи машваратӣ ва нашриявии Фаронса нашр мешавад. Он ба тасмимгирандагони ҷаҳонӣ таҳлилҳои оид ба вазъи тиҷорат, ҳисоботҳои дақиқи иқтисодӣ ва маҳфили хусусии сармоягузорӣ пешниҳод мекунад. Ширкат дар истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти динамикии ҷаҳон кӯмак мерасонад. Аз соли 2007 инҷониб «Beyond Investments Group» шабакаи беш аз 165 000 сармоягузорро дар 48 кишвари ҷаҳон бо сармояи умумии беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ таъсис додааст.

Тибқи маълумоти соли 2022, маҷаллаи «The Investor» бо таъдоди 84 ҳазор нусха нашр мешавад, ки 76% хонандагони он вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Июнь 20, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад