МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тобистон ва гармшавии ҳаво талабот ба нӯшокиҳои ташнагишикан меафзояд. Аз кадом нӯшокиҳо истифода барем, ки ҳам ташнагиро шиканад ва ҳам ба саломатиамон зарар нарасонад? Мутахассисон дар ин маврид нӯшидани дӯғобро, ки дар байни мардум бо номи «чолоб» маъмул аст, бештар тавсия медиҳанд.
Дӯғоб нӯшокии миллӣ буда, аз чакка ва дигар сабзавоту гиёҳҳои шифобахш омода карда мешавад. Нӯшидани дӯғоб дар фасли гармо неруро дар бадан барқарор мекунад. Инчунин нафароне, ки дар ин фасл майли истеъмоли таом надорад, хело муфид аст, зеро он иштиҳоовар буда, меъдаро нарм ва раванди ҳазмро осон намуда, кори рӯдаро беҳтар мекунанд.
Дуғоб аз чакка, об, намак, бодиринг, помидор, қаламфур, ҷаъфарӣ, шибит, пӯдина, райҳон ва дигар кабудиҳо омода мешавад. Помидору бодирингро дар шакли чоркунҷа ва қаламфури булғорию дар шакли дарозрӯя майда реза мекунанд. Чаккаро дар зарфи алоҳида гирифта, бо иловаи об онро лат мезананд. Сипас чаккаи моеъро ба зарфи сабзавоти резакардашударо омехта карда, мувофиқи хоҳиш бо кабудӣ оро дода, қаланфур ё мурч ҳамроҳ мекунанд. Ҳамчунин ба чаккаи обкардашуда кабудиҳои хушккардашураро ҳамроҳ карда, истеъмол мекунанд. Дӯғобро ҳамеша дар яхдон нигоҳ медоранд ва ҳолати сардшуда менӯшанд.
Дӯғоб барои рӯдаҳо хеле муфид аст. Он дар ҳоли қабзият ё мушкилиҳои меъда метавонад кумак кунад. Дар таркиби он витаминҳои B ва C низ мавҷуд аст, ки барои масуният муҳиманд.
Ба тавсияи ғизошиносон, дӯғобро барои он дар фасли тобистон нӯшиданаш маъмул ва фоидаовар аст, ки дар рӯзҳои гармӣ ё баъди машқҳои ҷисмонӣ дӯғоб оби бадан ва неруро барқарор мекунад. Намак ва моеъи он аз беҳтарин тарзҳои барқарорсозии нерӯ дар гармо аст.
Табибони бемориҳои дил тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки дар рӯзҳои ҳарорати баланди тобистон фишорашон баланд мешаванд, дӯғоб истеъмол намоянд. Зеро дӯғоб ба паст кардани фишори хун ва холестерин кумак мекунад. Инчунин дар баъзе тадқиқотҳо дӯғоб барои коҳиши хатари бемориҳои дил низ муфид мебошад. Ин нӯшоба дар таркиби худ маводҳо калорияи кам дорад, вале серкунанда аст — барои касоне ки парҳез мекунанд, муфид аст.
Яке аз хусусияти хоси дӯғоб дар фасли тобистон ин ҳарарорати баданро дар рӯзҳои гармо паст мекунад. Нафароне, ки аз таъсири офтоб ба бемори гармозадагӣ гирифтор мешаванд, нӯшидани дуғоб тавсия дода мешавад. Инчунин нафароне, ки аз таъсири ҳарорати баланди ҳаво сарчарзанӣ ва беҳолӣ дар худ мушоҳида намояд, бояд дӯғоб нӯшанд. Зеро он бо намак ва оби худ метавонад ин ҳолатҳоро пешгирӣ кунад.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад






