МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, витаминҳое, ки дар таркиби карам мавҷуданд, фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар, организмро аз токсинҳо ва холестеринҳои гуногун тоза мекунанд. Карам сабзавотест, ки истеъмоли он барои системаи масуният муҳим мебошад. Ҳамчунин дар тиб онро барои зебогии рӯи пӯсти занон истифода мебаранд.
Дар таркиби карам қанд, кислотаҳои органикӣ, витаминҳо (С, Р, В, В2, РР, К, Е) ва каротин, пантотен ва кислотаи фолий, равған, ферментҳо, калий, калтсий, йод, марганес, оҳан, намак ва дигар элементҳо мавҷуданд.
Витамини C- е, ки дар таркиби карам мавҷуд аст, барои тақвияти системаи иммуниятӣ, витамини K барои саломатии устухонҳо, лахташавии хун ва барои занони ҳомиладор, инчунин рушди ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Калсий ва калийи таркиби карам барои саломатии дил ва устухонҳо манфиатовар аст.
Ба тавсияи табибон, карам антиоксидантҳо ва моддаҳои зиддисаратонӣ дорад, ки метавонанд ба пешгирии баъзе навъҳои саратон кумак кунанд. Аз ин сабзавот бештар хӯриш омода менамояд, ки кори рӯдаро беҳтар ва қабзиятро кам мекунад. Карам хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ дорад ва барои бемориҳое чун артрит (илтиҳоби буғумҳо) муфид буда метавонад.
Карам манбаи бойи бета-каротин мебошад. Дар таркиби карами сурх бета-каротин нисбат ба карами сабз тақрибан 10 маротиба зиёдтар аст. Бета-каротин дар афзоиши биноӣ, бахусус рӯъёи шабона нақши муҳим мебозад ва ба муҳофизати бофтаҳои чашм аз зарари радикалии озод кумак мекунад. Карам ҳамчунин аз йод бой буда, барои кори дурусти майна ва системаи асаб муфид аст. Ин минерал инчунин дар нигоҳ доштани саломатии системаи эндокринӣ нақши ҳалкунанда дорад. Истеъмоли ин сабзавот ҳамчунин барои онҳое, ки мехоҳанд, вазни баданашонро кам кунанд, кумак мерасонад.
Дар тибби халқӣ барги карами хомро барои дарди буғумҳо ё сина (масалан, ҳангоми ширхӯрии кӯдак) истифода мебаранд. Инчунин дар пайвастагиҳои устухон, ки дар он намак ҷамъ шудааст, аз болои пӯст барги онро мебанданд.
Барои кам кардани миқдори қанд дар хун, ба шарбати карам оби ширгарм илова кунед ва ним соат пеш аз хӯрок чоряк истакон нӯшед.
Инчунин ба беморони зардпарвин, қабзият, гастрит, дисбактериоз ва хастагии доимӣ нӯшидани шарбати карам тавсия дода мешавад. Нӯшидани шарбати карам барои рафъи доғҳои рӯй кумак мекунад.
Шахсоне, ки панкреатит доранд, дар шикам ва қафаси сина ҷарроҳӣ шудаанд, бояд аз истеъмоли карами тару тоза худдорӣ кунанд. Карамро дар ҳолатҳои истихроҷ дар меъда ва рӯда, захми меъда, фаъолияти ғадуди сипаршакл истеъмол кардан мумкин нест.
Карам сабзавотест, ки вобаста аз навъ ва ранг гуногун мешавад. Одатан карами барвақтиро тариқи кӯчаткунонӣ ва карами дерпазро тариқи бевосита шинонидани тухмӣ ва ё кӯчаткунонӣ парвариш менамоянд. Давраи нашъунамои зироат 70 – 130 рӯз, навъҳои миёнапаз 125 – 175 рӯз, навъҳои дерпаз 153 – 245 рӯзро дар бар мегирад. Дар дунё беш аз 400 навъҳои гуногуни карам парвариш карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст






