МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли помидор фишори хунро муътадил нигоҳ медорад

Июнь 21, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Помидор яке аз сабзавотҳои серғизо буда, истеъмоли он на танҳо ба ҷисму тан муфиду судманд аст, балки ба рӯҳия низ таъсири нек дорад. Дар таркиби он витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои антиоксидант мавҷуданд, ки ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонанд. Истеъмоли доимии помидор метавонад фишори хунро муътадил кунад.

Хусусияти шифобахшии помидор

Дар тарикиби помидор витаминҳои C, A, K ва B6 мавҷуд мебошанд. Инчунин минералҳои калий, марганес ва фосфори таркиби ин сабзавот барои тақвияти масуният ва саломатии пӯст фоидаовар мебошад.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, ин сабзавот дорои моддаи ликопин мебошад. Ликопин дар пешгирии пайдоиши бемориҳои саратон, бахусус саратони ғадуди простата ва бемориҳои дил кумак мерасонад. Истифодаи мунтазами помидор хатари бемориҳои дил ва сактаи қалбро кам мекунад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ин сабзавотро дар шакли тару тоза, дар хӯришҳо ё ҳамчун як қисми таомҳои пухта истифода баранд, ба саломатии инсон фоида дорад. Помидорро бо ғизоҳои гуногун истифода намудан бисёр муфид аст, зеро он сатҳи холестеринро паст ва пайдошавии суддаҳо (лахтаи хун, тромбҳо)-ро кам менамояд. Истеъмоли ин сабзавот ба онҳое, ки аз диабет, фарбеҳӣ ва мубодилаи моддаҳо ранҷ мекашанд, фоида дорад.

Помидор ба шахсони сигоркаш бисёр судманд аст. Агар онҳо доиман помидор истеъмол намоянд, баъзе моддаҳои таркиби помидор қатрони никотин (моддаи равғанмонанди сиёҳ) ва заҳрҳо (токсинҳо) –ро пароканда сохта, инчунин онҳоро аз шуш берун мекунад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки ҳасосияти ғизоӣ доранд, беҳтар аст, ки аз истеъмоли помидор худдорӣ кунанд. Аз истеъмоли помидорҳои дар намак ва сирко хобонида даст кашидан беҳтар аст, чунки онҳо ба шиддат ёфтани бемориҳои захми меъда ва дилу рагҳо мусоидат менамоянд.

Техникаи парвариши помидор

Помидор растании сабзавоти яксола буда, ба гармӣ ва равшани эҳтиёҷи зиёд дорад. Тухмиҳои он дар ҳарорати аз 11 то 15 дараҷа гармӣ месабзад. Помидор растании равшанидӯст мебошад. Ҳар қадаре, ки равшани зиёд бошад, ҳамон қадар зудтар пухта мерасад ва ҳосилнокиаш низ зиёдтар мегардад. Норасоии равшанӣ сабзиши растаниро суст карда, ба камшавии ҳосилнокӣ оварда мерасонад. Инчунин нарасидани об дар даври афзоиш ба рехтани ғурраю самари он оварда мерасонад. Намнокии зиёди ҳаво (рӯзҳои зиёди абрноку сербориш) ҳосилнокии помидорро кам карда, сабаби инкишофи бемориҳои занбурӯғӣ мегардад.

Помидорро на бояд баъд аз кишти картошка, тамоку ва бодинҷон шинонд, зеро онҳо бемории аз ҳашароти заррасони муштарак доранд. Баъд аз пахта низ шинонидани помидор мумкин нест, зеро пахта мисли помидор ба кирми ғӯза гирифтор мешавад. Барои аз ин бемориҳо эмин доштан, баъд аз гузаштани се сол бояд помидор шинонид. Дар заминҳое, ки пештар ғалладона, карам ва бодиринг шинонида шуда буданд, шинонидани помидор тавсия дода мешавад.

Ҳосилнокии баланд аз интихоби хушсифати тухмӣ, донистани усулҳои пешқадами парвариши кӯчат, ҳосилнокии замин, истифодабарии чораҳои зарурии ҳифзи зироат аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон вобаста аст.

Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди ҷумҳурӣ навъҳо ва пайванду дурагаҳои (гибрид) гуногуни помидор ба таври васеъ истифода бурда мешаванд, ки вобаста ба хусусиятҳои биологиашон аз якдигар ба куллӣ фарқ мекунанд.

Парвариши помидор дар Тоҷикистон ҳам дар гармхонаҳо ва ҳам дар заминҳои васеъ истифода мешавад. Дар мамлакат чор фасли сол бозори истеъмолӣ бо ин сабзавоти тару тоза таъмин мебошанд.

Имрӯзҳо бо ворид гардидани технологияҳои муосир помидор вобаста ба навъ намуд ва ба тарзу усулҳои гуногун коркард мешаванд. Дар корхонаҳои мамлакат аз помидор шарбат истеҳсол менамоянд. Инчунин ин навъи сабзавотро низ хушк мекунанд. Бонувони тоҷик аз ин сабзавот хӯришҳои гуногун бо равған ва дигар сабзавот омода ва захира менамоянд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 21, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Чаро дар тобистон нӯшидани оби зиёд зарур аст?
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
БАРДОШТУ ТААССУРОТ АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ. Дар ҳошияи «Ёддоштҳо»-и муҳаққиқ, сиёсатшинос ва адиби пуркори миллӣ Саймумин Ятимов
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Талошҳои Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи сулҳофарӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ назаррасанд
СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон