МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Норасоии намӣ ба решаи дарахтон самаранокии боғотро паст мекунад

Июнь 7, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дарахтони мевадиҳанда ба намнокии 15-25 фоизи хок эҳтиёҷ доранд. Бо намӣ  таъмин намудани решаи дарахтон барои инкишоф ва ҳосилбандӣ  муҳим аст. Норасоии  намӣ  ба решаи дарахтони мевадиҳанда,   ба раванди  инкишофи мева  монеъ мегардад. Чунин иброз намуд доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров зимни суҳбат бо  мухбири АМИТ «Ховар».

Ба тавсияи олими соҳаи кишоварзӣ,  норасогии намии хок, хусусан дар нимаи дуюми тобистон ва аввали тирамоҳ, ки дар боғҳо дида мешавад,  сабаби вайроншавии раванди инкишофи муғҷаҳо  мегардад.  Дар натиҷа муғҷаҳои гулии ҷанин ё гардашон носолим пайдо мешавад. Ин дар анҷоми гулшукуфӣ  ба камҳосилӣ  ва пайдошавии ғӯракҳои носолим оварда мерасонад.

«Норасоии намӣ дар хок бо тез хазоншавии барги дарахтон, каҷукилебию камобии меваҳо, хушкшавии онҳо ва ғайра оварда мерасонад, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ самаранокии боғотро паст мекунад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳикматулло Назиров тавсия медиҳад, ки барои нигоҳ доштани нами захирашуда дар хок, бояд пай дар пай нарм кардани хок дар давраи нашъу нумуи дарахтон (шудгор, сихмола ва молакунӣ  бо воситаи механизмҳо ё дастӣ) ва рӯйпушкунии хок бо ашёҳои гуногун гузаронида шавад. Дар боғҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ки имконияти обтаъминкунӣ доранд дар фасли зимистон ҳатман яхобмонӣ ва обмонӣ захиракунии  нам (моҳҳои декабр-апрел) гузаронида шавад. Дар  фасли тобистон усули асосӣ  ин ба ҷӯякҳо об мондан мебошад. Ҷӯяки якум 60-90 сантимерт аз танаи дарахтон ва ҷӯякҳои боқимондаҳо 1 метр аз якдигар дуртар кашида мешаванд. Дарозии ҷӯякҳо аз 30 то 100 метр бояд бошад. Обро ба миқдоре бояд сарф кард, ки ҳамин масофаро дар муҳлати 2-3 рӯз то охири ҷӯяк расад, то ки қабати 2- метраи хок намнок гардад.

Ҳамсуҳбати мо тавсия медиҳад, ки дар боғҳои лалмӣ аз охири фасли тирамоҳ, агар барф борид, дар бехи дарахтон барфро ҷамъ намуда,  ба болояш як қабат хок пӯшондан ниҳоят манфиат дорад. Зеро барфи зери хок хобондашуда оҳиста – оҳиста об шуда,  ба қабати чуқурии хок ворид мешавад. Ин имкон медиҳад, ки   дар давраи зарурии тобистон дарахтон аз нам таъмин мешаванд. Дар минтақаҳое, ки барф кам меборад,  аз ҳар тарафи мувофиқ ҷӯйбор кашида оби боронро ба бехи дарахтон ҷамъ кардан зарур аст. Пас аз қатъ гардии мавсими боришот,  хоки атрофи бехи дарахтонро майда карда,  пас бо маводҳои гуногун (коҳи пӯсида, аррамайда) рӯйпӯш кардан лозим аст. Ин амал нами хоки қабати решаи дарахтонро дурру дароз нигоҳ медорад. Инчунин ба сабзиши алафҳои бегона монеъгӣ мекунад.

«Ба дарахтон вобаста аз таркиби  хок, намуди боғ, сину соли дарахтон, ҳолати кунунии онҳо ва ҳосилнокии интизорӣ, меъёри ғизодиҳӣ муайян карда мешавад. Бо мақсади сарфа кардани миқдори нуриҳои маъданӣ метавонед аз усулҳои бо тариқи нӯқтагӣ ё тасмагӣ дар ҷуқурии 30-40 сантиметр додани ғизо истифода баред. Пеш аз бунёди боғ ва дар давоми истифодабарии боғ хуб мешуд, ки дар 3-5 сол ҳадди ақал як маротиба таркиби ғизонокии хок муайян карда шавад ва мувофиқи нишондоди таҳлили лабараторӣ ғизо дода шавад»,-афзуд  мутахассис.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 7, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Андешаҳо оид ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент