МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд

Июнь 5, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 05.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи май пойтахт ба маркази муҳорибаҳои варзишӣ табдил ёфт. Футболбозони хурдсоли аз 8 то 12-сола, ҳар кадоме талош доштанд, ки дастаи онҳо мақоми беҳтаринро дар шаҳри Душанбе сазовор шавад. Дар мусобиқаҳои «МегаФон Life бо сабки футбол», ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил гардида буд, садҳо писарбачагони дӯстдори варзиш иштирок намуданд.

Мусобиқаи калони кӯдакона дар ҳамаи шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон гузаронида мешавад. Танҳо дар худи Душанбе он 30 дастаро ба ҳам овард. Ҳама хоҳишмандон имкон доштанд, ки дар он иштирок кунанд: хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, тарбиятгирандагони гурӯҳҳои варзишӣ, ҳатто дӯстони ҳамсояе, ки шавқу ҳаваси тӯббозӣ доранд. Лекин ин бор вазъият ҷиддӣ буд: майдони олӣ, доварии касбӣ ва нишастгоҳҳои пур аз тамошобинон. Чӣ тавр дар чунин фазо худро ситораи футбол эҳсос наметавон кард?!

«Ин тасаввурнопазир аст! Вақте ман гол задаму ба ман кафкӯбӣ карданд, ман қариб буд аз хурсандӣ ашк резам. Акнун ман мефаҳмам, ки футболи ҳақиқӣ чист. Машқ мекунам, то ки ҳарчи беҳтар бозӣ кунам!» – эҳсосоти худро баён кард Азамати дувоздаҳсола.

“Футболи кӯдаконаро мо солиёни зиёд дастгирӣ мекунем, лекин маротибаи аввал аст, ки дар мусобиқаҳо ҳар як хоҳишманд иштирок карда метавонист. Барои бисёри писарбачагон ин як навъ ҳавасмандӣ ҷиҳати рушд ва такмили техникаи футбол буд. Ман худ рафти мусобиқаҳоро аз нишастгоҳ пайгирӣ мекардам ва бо боварии том гуфта метавонам, ки агар кӯдак боистеъдод бошад – ин баръало намоён аст. Ва чунин кӯдакон зиёданд. Агар онҳо ба таври ҷиддӣ ба варзиш машғул шуда, бо мурури вақт ифтихори футболи тоҷик шаванд, мо хеле шод хоҳем шуд”, — мегӯяд Далер Наимов, директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Бозии дастаҳои душанбегиро директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев низ баланд арзёбӣ намуд.

“МегаФон Тоҷикистон бо фароҳам овардани имконияти нишон додани қобилиятҳо дар сатҳи баландтари касбӣ ба кӯдакон кори бузургро анҷом медиҳад. Маротибаи дигар боварӣ ҳосил кардам, ки то чӣ андоза ҳамкорӣ бо ширкатҳои масъуле, ки дар рушди футболи кӯдакона кӯмак мерасонанд, муҳим аст. Мутмаинам, ки мусобиқаи мазкур ба кӯдакон барои дастовардҳою пирӯзиҳои минбаъда илҳоми тоза мебахшад!” – гуфт номбурда.

Иштирокчиёну меҳмонони мусобиқаҳо имкон доштанд, ки на танҳо аз футбол ҳаловат баранд. Дар гӯшаи махсуси ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои варзишгарону мухлисони ҷавон бозиҳою озмунҳо бо туҳфаҳои гуворо – аз 1 000 Мб трафики интернет то рақамҳои мақомноки “тиллоӣ” омода шуда буданд. Худи ҳамин ҷой кормандони ширкат доир ба замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки дар ҳалли бисёр масъалаҳои рӯзмарра кӯмак менамояд, маълумот расониданд. Масалан, тавассути он метавон маҳсулотро ба хона фармоиш дод ё чиптаҳоро ба кинотеатр харид.

Муҳлатҳои гузаронидани мусобиқа ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ эълон шуда буд, рост омаданд.

Ба ҳайси шарики мусобиқаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП “Яхмоси 33” баромад менамояд. Дар рӯзи ниҳоии бозиҳо дар Хатлон ширкат барои варзишгарони ҷавон ва меҳмонони мусобиқа туҳфаи ширин – яхмоси лазиз омода карда буд. Ин туҳфа воқеан кӯдаконро хушҳол сохта, ба мусобиқа гармӣ ва табъи хуши тобистона бахшид.

Ғолибиятҳои нав ва лаҳзаҳои гуворою пурҳаяҷонро дар мусобиқаҳои минбаъдаи “МегаФон Life бо сабки футбол”, ки дар вилояти Суғд ва ВМКБ доир хоҳанд шуд, мунтазирем!

Июнь 5, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд