Меваҳои яхкардашуда манбаи витамину минералҳо буда, масуниятро баланд менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тобистон дар бозорҳои Тоҷикистон намудҳои зиёди меваҳои шаҳдбор ба фурӯш гузошта мешаванд, ки манбаи асосии витаминҳо мебошанд. Аз ин меваҳо кадбонуҳои тоҷик барои фасли зимистон мураббо, афшура ва дигар анвои хӯрданиҳо омода мекунанд, вале яке аз роҳҳои беҳтар нигоҳ доштани меваҳо сард ва яхин нигоҳ доштани онҳо мебошад.
Ях кардани меваҳоро аз чӣ бояд оғоз кард?
Яхкунии меваҳо яке аз роҳҳои зудтарин ва осонтарини омода кардани ғизо барои зимистон маҳсуб мешавад, ки бо ин роҳ дар мева витаминҳои бештарро нигоҳ доштан мумкин аст. Пеш аз ях кардан боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки маҳсулот доғу нуқс надорад. Зеро шарти аз ҳама муҳими ях кардани меваҳо ин сифати аъло доштани онҳо мебошад.
Барои ях кардан пеш аз ҳама, бояд меваҳои пухта ва баландсифат интихоб карда шавад. Ях кардани меваҳои ношуста манъ аст, зеро хатари ях кардани кирму ҳашарот, занбӯруғ ва дигар микрофлораи зараровар дар якҷоягӣ бо маҳсулот ҷой мегирад.
Дуруст коркард кардани меваҳо муҳим аст
Аз дубора яхкунӣ худдорӣ кардан зарур аст, зеро дубора ях кардани мева боиси вайрон шудани сохтори ҳуҷайра ва аз даст додани моддаҳои ғизоӣ мегардад.
Тарзи ях кардани мева чӣ гуна аст?
Меваҳои тайёрро дар як қабат дар варақ ҷойгир карда, сипас онро дар яхдон барои якчанд соат гузоштан зарур аст. Ҳамин тариқ, меваҳо пас аз ях кардан то ҳадди имкон шакли худро нигоҳ дошта, зебо ва иштиҳоовар мешаванд. Меваҳои яхкардашударо дар яхдон нигоҳ дошта, давоми 6 моҳ истифода бурдан беҳтар аст. Пас аз ин, онҳо тадриҷан мазза ва фоидабахшии худро гум мекунанд, гарчанде ки онҳо аз лаҳзаи тайёр кардан дар давоми як сол барои истеъмол мувофиқ хоҳанд буд. Барои он ки меваҳо шакли худро нигоҳ доранд, онҳо бояд оҳиста ях карда шаванд.
Инчунин метавон афшураи меваҳоро ях кард. Барои ин, меваҳои беҳтаринро интихоб карда, онҳоро шӯста ва ба 1 кг мева 100-200 грамм шакар илова кардан лозим аст. Бо ин усул метавон навъҳои гуногуни мева масалан, қулфинай, мармиҷон, тамашқ, ангат ва дигар меваҳоро истифода намуд.
Меваҳои яхкардашуда чӣ бартарӣ доранд?
Яке аз бартариҳои асосии меваҳои яхкардашуда дар он аст, ки онҳо аксари витаминҳо ва минералҳои худро нигоҳ медоранд. Яхкунӣ фавран, пас аз ҷамъоварии ҳосил анҷом дода мешавад, ки ба шумо имкон медиҳад, ки миқдори максималии маводи ғизоӣ барқарор карда шавад.
Хусусиятҳои нигоҳдории витаминҳо дар меваҳои якхкардашуда
Витамини С, ки махсусан барои таҳкими системаи масуният муҳим аст, бинобар паст будани ҳарорат қариб пурра нигоҳ дошта мешавад. Инчунин антиоксидантҳо дар меваҳои яхкардашуда саломатии ҳуҷайраҳоро нигоҳ медоранд ва раванди пиршавиро суст мекунанд. Калий, магний ва оҳан барин минералҳо ҳангоми яхкунӣ амалан нобуд намешаванд.
Меваҳои яхкардашуда ба беҳтар кардани фаъолияти дил мусоидат мекунад
Нахе, ки дар меваҳои яхкардашуда мавҷуд аст, ба паст кардани сатҳи холестирин мусоидат мекунад, ҳолати системаи дилу рагҳоро беҳтар мекунад.
Нигоҳ доштани пӯсти солим
Антиоксидантҳое, ки дар мева мавҷуданд, пӯстро аз таъсири зараровари радикалҳои озод муҳофизат мекунанд ва пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунанд.
Меваҳои яхкардашуда барои онҳое, ки вазни худро кам кардан мехоҳанд, беҳтаринанд, зеро дар онҳо калорияҳо каманд.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АКС аз манбаъҳои боз








АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст






