Муовини Сарвазир бо вазъи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии ноҳияи Рашт шинос гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии ноҳияи Рашт шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак иттилоъ дода шуд, ки муассиса аз ду бино иборат буда, яке аз биноҳои кӯҳна, ки дорои 2 синфхона мебошад, бинобар фарсудагии зиёд аз истифода берун бароварда шудааст. Дар айни ҳол дар бинои нави муассиса, ки дорои 6 синфхона мебошад, 170 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 12 омӯзгор дарс мегӯяд.
Сулаймон Зиёзода бо вазъи муассисаи таҳсилоти ибтидоии №108-и деҳаи Қалъаи Ҷамоати деҳоти Ҳичобрак низ шинос гардид. Бинои муассиса бинобар зарар дидан аз офати табиӣ ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, хонандагон бо назардошти дурии муассисаи алтернативӣ муваққатан дар ҳамин бино таҳсил менамоянд. Аз рӯйи арзёбии масъулин, бунёди 4 синфхонаи иловагӣ дар ҳудуди муассиса дар назар аст.
Муовини Сарвазир инчунин бо вазъи муассисаи таҳсилоти ибтидоии №103, воқеъ дар деҳаи Сафедтундаки Ҷамоати деҳоти Аскалон шинос гардид. Бинои муассиса дар пайи офати табиӣ осеби ҷиддӣ дида, фаъолияти таълимӣ дар он ғайриимкон гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки хонандагони муассиса ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 барои идомаи таҳсил рафта истодаанд. Бо мақсади таъмини шароити устувори таълимӣ, бунёди бинои нави таълимӣ иборат аз 3 синфхона ба нақша гирифта шудааст.
Муовини Сарвазир ва муовини Вазири маориф ва илм зимни шиносоӣ ва суҳбат бо омӯзгорон, масъулини мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони сохторҳои марбутаро таъкид намуданд, ки фароҳамсозии шароити мусоиди таҳсил барои ҳар як кӯдак, новобаста аз макони зист ва шумораи хонандагон, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар пайравӣ ба иқдомҳои инсонпарварона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва муҷаҳҳазнамоии ин муассисаҳо аз 13 апрел оғоз гардидааст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






