Муовини Сарвазири Арманистон ба Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Мгер Григорян барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






