Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи панаврупоии СҶТ оид ба иқлим ва тандурустӣ иштирок намуд

Июнь 13, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 июни соли равон дар Ҷумҳурии Исландия нахустин ҷаласаи Комиссияи Панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба иқлим ва тандурустӣ баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви расмии ин ниҳоди бонуфуз дар он иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии Комиссия, ки таҳти раёсати собиқ Сарвазири Исландия Катрин Якобсдоутир баргузор гардид, Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода намояндагӣ намуд.

Дар ҷаласа мавзӯъҳо вобаста ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ, зарурати таҳкими сиёсати солимии ҷамъиятӣ дар шароити ноустувори иқлим, нақши илм дар ташаккули сиёсат, адолати иқлимӣ ва тандурустии баробар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки шомилшавии Тоҷикистон ба ҳайати Комиссия на танҳо эътирофи саҳми мамлакат дар сатҳи байналмилалист, балки имконияти воқеӣ барои таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар масоили мубрами рӯз — аз тағйирёбии иқлим то таҳкими низоми тандурустӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки Комиссияи Панаврупоӣ оид ба иқлим ва тандурустӣ минбаъд ҳамчун минбари муҳими сиёсӣ ва илмӣ барои таҳияи тавсияҳои амалии кишварҳо, инчунин ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи сиҳатии омма хизмат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи мазкур зери роҳбарии Бюрои аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъсис ёфта, аз 11 нафар — 10 аъзо ва 1 мушовири илмӣ аз 9 кишвари аврупоӣ ва осиёӣ иборат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ягона кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳайати он шомил аст, ки ин нишондиҳандаи эътирофи нақши мамлакат дар ҳалли масоили глобалӣ ба шумор меравад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид