Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми панҷуми марказҳои таҳлилӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми панҷуми марказҳои таҳлилӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ — Чин: уфуқҳои нави шарикии минтақавӣ» баргузор гардид, ки дар кори он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Ҳамоиш бо ташаббуси Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо Институти Русия, Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин доир карда шуд.
Дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тақвияти муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории судманди иқтисодӣ, тамоюли навтарин дар соҳаи технология, аз ҷумла қарорҳои рақамӣ ва «сабз» ва дигар масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Чин мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он роҳбарону коршиносони марказҳои илмӣ-таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, инчунин намояндагони доираҳои сиёсӣ ва дипломатии Қазоқистон иштирок намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайридин Усмонзода дар мавзуи «Муносибатҳои Осиёи Марказӣ — Чин дар шароити номуайянии стратегии ҷаҳон» маъруза намуда, изҳор дошт, ки Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ба туфайли талошҳо баҳри таҳкими сулҳу субот ва рушди иқтисодиёт дар байни кишварҳои қитъаи Осиё симои мусбатро ба даст овардааст.
Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода «роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти роҳу механизмҳои ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ва рушди он пайваста талош меварзанд. Ҳамин тариқ, ҳар як кишвар тавассути таъмини рушди худ ва бо дарки комили афзалияти фарогирӣ дар муваффақияти якдигар саҳми назаррас мегузорад».
Мавсуф дар маърӯза бо таъкид ба аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ташаббусҳои ҷаҳонии худро оид ба идораи оқибатҳои тағйирёбии иқлим дастгирӣ намуда, таҳким мебахшад.
«Дар муқоиса бо дигар кишварҳо, Тоҷикистон ҳиссаи камтарини партовҳои газҳои гулхонаиро ба атмосфера доро мебошад. Барои рушди энергияи сабз дар доираи ҳадафи табдил додани Тоҷикистон ба «кишвари сабз» то соли 2037 инфрасохтори нав сохта мешавад ва дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои чинӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд»,-афзуд Директори марказ.
Хайриддин Усмонзода ҳамчунин дар бораи аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо ВАО-и Қазоқистон мусоҳиба намуд.
АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд






