Қоҳир Расулзода бо Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, шарикӣ дар бахши обу энергетика ва ҳифзи муҳити зистро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд ва мусоидат ба муколама дар ҳама сатҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Муҳимияти ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини рушди устувор ва субот дар минтақа таъкид гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории созанда бар пояи эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ изҳор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.










Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






