«ОФТОБИ НАЗМИ ОЛАМ». Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 12, 2025 09:15

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки рисолати Агентӣ назорат, ҳифзу нигаҳдорӣ, пажуҳиш, кашф, бо самар омӯхтани таъриху фарҳанги мардум, тармиму барқарорсозии мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифӣ намудани дастовардҳои таъриху фарҳанги гузаштаю имрӯза ва фарзандони фарзонаи миллати  тамаддунофари тоҷик ба шумор меравад.

Таъкид карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мероси ниёгон ва шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик арҷ гузошта, ҷиҳати муаррифии тамаддуни безавол ва чеҳраҳои мондагор корҳои шоиста анҷом медиҳанд.

Ин ташаббус боз як марҳалаи навест дар шинохти бештари Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои таърихи бой ва фарҳанги қадима дар сатҳи байналмилалӣ. Дастгирии мероси таърихии шахсиятҳои бузурги миллӣ, на танҳо як амали рамзӣ, балки далели рӯшан аз арҷгузории роҳбарияти олии мамлакат ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик ва саҳми он дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсаро  буда, дар таърихи адабиёти  тоҷику  форс мақоми баланд дорад.

Зимни ҳамоиш муҳаққиқон ёдовар шудаанд, ки Пушкин дар пайравии Ҳофизи Шерозӣ шеърҳо офаридааст, Гёте ӯро офтоби назми олам номидааст. Вақте дар Олмон Иоҳан Гётеро «Офтоби назм» ном мебаранд, ӯ эътироз менамояд ва мегӯяд: «На, ман Офтоб нестам, Офтоб дар Шарқ тулӯъ намудааст ва он Ҳофизи Шерозӣ аст. Ман моҳтобам, ки нурҳои он Офтоби олмгирро мунақис мекунам…»

Иоҳан Гёте – бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ шоири асри XIX – и немис  андешаҳои хешро доир ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ – шоири тавоно ва илҳомбахш навиштааст.

Ёдовар мешаваем, ки соли 1991 бо қарори ЮНЕСКО, 12 октябр ба тақвими байналмилалии санаҳои муҳим  шомил шуда, аз ҳамон сол инҷониб дар тамоми ҷаҳон ин рӯз «Рӯзи ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ» эълон гардидааст.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2025 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд