ОГОҲӢ. Аз 19 то 22 июн дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст

Июнь 18, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 22 июни соли равон дар ҷумҳурӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, 19 ва 20 июни соли равон бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Аз нимаи дуюми рӯзи 19 июн то 22 июн дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби шиддатнокии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб, дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 15-20 метр дар як сония боиси хокбориш мегардад.

Инчунин дар ин рӯзҳо баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба рӯзҳои номусоиди ҳаво, мутахассисони соҳаи тиб ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Дар чунин ҳавои номусоид бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия авҷ мегиранд. Аз ин рӯ шахсони гирифтори чунин бемориҳо бояд дар беруни биноҳои истиқоматӣ камтар гарданд.

Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Шахсоне, ки бемориҳои дорои хусусияти мавсимӣ доранд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт намоянд. Зеро шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ ва бемориҳои тарбод дар чунин ҳаво азият мекашанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид