Пагоҳ даври дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад

Июнь 9, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз пагоҳ, 10 июн даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 (ИМД-2025) оғоз мегардад, ки то 30 июн идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсоне, ки худро дар давраи якуми бақайдгирӣ номнавис карда натавонистаанд, гузаронида мешавад.

Давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2025 дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт ташкил карда мешаванд, гузаронида мешавад.

Довталабоне, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои авваларо иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо даври дуюми бақайдгирӣ гузаронида мешавад ва ин довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намоянд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Мутахассисон иброз медоранд, ки интихоби касб барои ҳар як шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин, дар интихоби ихтисос таваҷҷуҳи зиёд бояд кард. Ҳангоми интихоби ихтисос ба эътибор гирифтани якчанд омил зарур аст. Пеш аз ҳама, довталаб бояд хуб андеша намояд, ки аз ин касб чӣ мехоҳад ва аз он чиро интизор аст, кор кардан дар кадом соҳа ба ӯ бештар писанд аст?

Ихтисос навъи мушаххаси кор (фаъолият) дар доираи ягон касбе аст. Шахс дар доираи як касб чанд ихтисосро интихоб карда метавонад. Баъд аз таҳсил аз рӯйи ҳар ихтисос тахассуси муайян дода мешавад. Масалан, касби муҳандисӣ дорои тахассусҳои муҳандис-барномасоз, муҳандис-бинокор, муҳандис геолог, муҳандис-лоиҳакаш, муҳандис-механик, муҳандис-технолог, муҳандис-эколог, муҳандис-энергетик ва ғайра аст.

Бинобар ин ҳар як довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5‑6 соли оянда бояд ба назар гирад. Дар ҳоли мавриди талаби бозори меҳнат набудани он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст