«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид

Июнь 10, 2025 15:28

ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таълимии гимназияи №-2 – и шаҳри Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрии «Парасту» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Дар истироҳатгоҳи шаҳрии «Парасту» барои  фароғати хонандагон  тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мувофиқи нақшаи рӯз, истироҳати хонандагон аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, оббозию хӯроки нисфирӯзӣ ва соати муайяни хоб, машғул шудан бо бозиҳои шавқоварро дар бар мегирад.  Дар баробари ин,  бо иштироки тарбиятгирандагон ҳамзамон озмунҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Барои дӯстдорони адабиёти бадеӣ ҳамзамон маҳфилҳои адабӣ ташкил гардидааст, ки хонандагон дар ин ҷо метавонанд малакаи худро тақвият бахшанд.

Ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати маводи хӯрокворӣ ва талаботи дигари  мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешаванд, то ин ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд.

Бо мақсади таъмини амнияти ҷонӣ, солимии равонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию иҷтимоии истироҳаткунандагон, мураббиёни гурӯҳҳои истироҳатӣ пайваста машғулиятҳои тарғиботию омӯзиширо мегузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Июнь 10, 2025 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад