Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
ДУШАНБЕ, 06.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мо дар дунёи ноорому пурҳаводиси имрӯза бояд ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Худованд дар Қуръони карим дар ин маврид мефармояд: «Агар шукр намудед, ҳароина бароятон афзун менамоем. Ва агар носипосӣ кардед, ба дурустӣ, ки азоби Худованд сахт аст». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 июн дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон баён намуданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «мо бояд шукронаи давлати соҳибистиқлоламонро кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалӣ аст ва дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра ташаббускору пешсаф мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри давлатамон ва боз ҳам неруманду пешрафта гардонидани он бошем ва фаромӯш накунем, ки ҳоло дар оғози марҳалаи давлатсозӣ қарор дорем, яъне акнун давлат сохта истодаем».
«Мо ҳанӯз дар зиндагии давлат ва халқамон мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем, ки барои бартараф кардани онҳо бояд боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ бошем ва содиқонаву софдилона заҳмат кашем»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро даъвату ҳидоят намуданд, ки бояд барои худ, аҳли хонадон ва пеш аз ҳама, фарзандонамон шароити хубу бароҳати зиндагӣ ва таълиму тарбияро муҳайё кунем, онҳоро босавод, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонем, то онҳо дар оянда – дар замонаи пешрафти илм ва техникаву технологияҳо – азият накашанд ва соҳибону номбардорони фардои миллати тоҷик бошанд.
«Мо бояд дар дунё чунон зиндагӣ кунем, ки номи неку амали хайри мову шумо дар саҳифаҳои таърих барои наслҳои оянда боқӣ монад»,-изҳор додштанд Пешвои миллат.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






