Пешвои миллат: «Ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад»

Июнь 5, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар яки мо моҳият ва асли фармудаҳои инсонпарваронаи дини исломро дуруст дарк намоем, ба зиёдаравию намоишкорӣ ва баргузории маросиму маъракаҳои нолозим роҳ надиҳем ва талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ҳатман риоя кунем. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон.

Пешвои миллат хотиррасон шуданд, ки «беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандон низ амали хайр ва савоб мебошад. Ё ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад. Ин нукта дар осори динӣ ва адабии гузаштагони бузургамон садҳо ва ҳазорон бор таъкид шудааст».

«Ҷойи хушҳолист, ки дар ҷомеаи мо, миёни мардуми мусулмони мо шахсони хайрхоҳу савобҷӯй кам нестанд, ки маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба корҳои ободонӣ – бунёди роҳу пул, бунгоҳи тиббӣ, мактабу кӯдакистон ва дигар иншооти муҳимми иҷтимоӣ сарф карда, ба хизмати халқ ва фарзандони мардум мегузоранд ва албатта, соҳиби савоби зиёд мегарданд», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Июнь 5, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд