Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар барномаи консертӣ бахшида ба муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” асарҳои композиторони тоҷик ва ҷаҳон бо иштироки хонандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев иҷро гардид.
Дар нахустин консерти ҳунармандони навраси Оркести давлатии симфонӣ шеърҳои шоирони маҳбубу шинохтаи кишвар Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Ҷамолиддин Каримзода ва Даврони Давлат дар васфи Тоҷикистон, Модар, Душанбе ва оҳангҳои композиторони ҷаҳонӣ Мотсарт, Бетховен, Камбиз Муждаҳӣ, оҳангсозони тоҷик Фарҳод Зикир, Ибодулло Машраб, Саидқул Билолов, Амирбек Мӯсозода, Далер Тиллоев, Шуҳрат Ашуров ва Бахтовар Давлатов бо санъати воло иҷро карда шуд, ки аз тарафи иштирокдорони чорабинӣ бо кафкубиҳои пурмавҷ истиқбол ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки “Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон” дар ҳайати кӯдакону наврасони лаёқатманд ба ҳайси захираи кадрҳои академии санъат бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 феврали соли 2024 дар назди Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” таъсис дода шуда буд. Ҳоло теъдоди ҳунармандони ин оркестри симфонӣ 78 кӯдаку наврасро ташкил медиҳад.
Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис ёфта буд.
Оркестри кӯдакон ва наврасон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри шиносоӣ бо олами мусиқии касбӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ ва рушди қобилияти навозандагии ҷавонон таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки аксари ҳунармандони имрӯза ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва барандагони барнома ҷоизадорони озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, мебошанд.
Ҳунарнамоии волои ин ҳунармандони наврас бори дигар собит менамояд, ки иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълону роҳандозии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳадафи аслиашон дарёфту кашфи чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дар миёни кудакону наврасон мебошад, меваҳои ширин ба бор овардаанд ва минбаъд ҳам хоҳанд овард.
Ёдовар бояд шуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Оркестри давлатии симфонӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ва бинои алоҳида таъмин гардид.
Бино бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба фаъолияти эҷодии муассиса таъмир карда шуда, аз ибтидои соли 2018 расман ба истифода дода шуд.
Ҳоло ба ҳайати оркестр зиёда аз 127 мутрибу мутахассиси ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ҷалб карда шудаанд.
Ба Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутрибони касбӣ-тахассусӣ аз ҳисоби хатмкардагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун шомил гаштаанд.
Оркестри давлатии симфонӣ дар тӯли фаъолияти худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ба давлатҳои хориҷ, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
Баъди анҷоми барномаи нахустини консертии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди ромишгарон баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо аҳли ҳунар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги кишвар ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”






