Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдараро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Боғи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1 гектар дар асоси ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Иншооти фарҳангӣ бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замон ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шуда, барои хуррамгардонӣ бештар аз 670 бех дарахти ороишию сояафкан шинонида шудааст. Даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидааст.
Мувофиқи нақшаи асосии лоиҳа дар ҳудуди боғ таҷҳизоти дилхӯшкунанда барои кӯдакон, расмҳои қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ, атраксионҳо, саҳна барои гузаронидани чорабиниҳо, ҳайкалчаҳои ҳайвоноти нодир ва нишастгоҳҳо насб гардидааст ва аз ин пас сокинону меҳмонони ноҳия дар ин макон истироҳату фароғати хуш хоҳанд дошт.
Ҳамзамон бо мақсади машғул шудани ҷавонон ба варзиш дар дохили боғ 2 майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ва волейболу баскетбол бунёд шудааст. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти холигии худро босамар гузаронда, ба варзиш машғул шаванд ва аз дигар имкониятҳои боғ самаранок истифода баранд.
Бо мақсади равшаннамоии ҳудуди иншооти мазкур 18 чароғак бо баландии 9 метр ва 70 чароғак бо баландии 3 метр муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки шабонгоҳ намои боғи фарҳангиро боз ҳам дилработар мегардонад.
Инчунин, барои ҳифзу нигоҳдошти гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ гирду атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.
Дар рафти корҳои сохтмонии боғи мазкур зиёда аз 70 нафар сокинони маҳаллӣ ва мутахассиони ватанӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Аз ин пас боғи мазкур макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашнҳои миллӣ ва дигар тантанаҳо гардида, сокинонро барои боз ҳам дӯст доштани Ватан, пос доштани муқаддасоти миллӣ ва меҳнати софдилона барои рушду ободии сарзамини аҷдодӣ водор менамояд.
Боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдара тӯҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Роштқалъа дар арафаи ҷашни бузург – Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






