Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии «Донаҳои Умед» боздид намуданд

Июнь 20, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” боздид намуданд.

Гармхонаи мазкур дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд гардида, таҷҳизоту дастгоҳҳо барои парвариши сабзавот тибқи таҷрибаи нав аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки гармхонаи мазкур доимамалкунда буда, ҳарорати муътадили дохили он бо усули муосир таъмин карда мешавад.

Қабл аз бодиринг дар гармхона помидор парвариш ва ҳосили он ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахт пешниҳод гардида буд. Ҳоло ҳосили бодиринг дар гармхона фаровон аст ва ин бозгӯи он аст, ки кормандони Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед”, ки 10 – нафарро ташкил медиҳанд, дар кишт ва парвариши сабзавот таҷрибаи ғанӣ андухтаанд. Интихоби навъҳои ба иқлими кишвар мутобиқ низ аз роҳҳои дигари фаровонҳосилӣ аст.

Обёрӣ дар гармхонаҳо бо усули қатрагии ба роҳ монда шудааст. Бо найчаҳои обдиҳии қатрагӣ ба сабзавот, ҳамчунин, маводи ғизоӣ дода мешавад. Технологияи нигоҳубини сабзавот дар гармхона ба таври худкор амал намуда, ҳосилнокиро баланд мебардорад.

Таввасути турҳои муҳофизатӣ сабзавот аз таъсири офатҳои табиӣ, ба монанди гармии аз меъёр зиёд ва ҳашароти заррарасон эмин нигоҳ дошта мешавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои заҳмати сабзавотпарварон ва намоиши маҳсулот аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” бо кормандон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила васеъ намудани масоҳати гармхона, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифат дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Ба истифода додани гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” дар шаҳри Душанбе 20.06.2025

Июнь 20, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд