Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд

Июнь 3, 2025 08:42

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот дар ин мавзеъ соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом расонда мешавад.

То ин вақт 80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот ба итмом расидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо нахуст аз толори асосии бино, ки тибқи лоиҳа, бо шаклу унсурҳои миллӣ оро меёбад, дидан намуданд.

Тибқи маълумот, чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад.

Ҳоло бо ҷалби устоҳои кордону чирадасти ватанӣ корҳои гаҷкорӣ дар толори якум оғоз шудаанд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат бояд ба анҷом расанд.

Дар дигар қисми иншоот наздик ба 300 коргар, ки аксари онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, машғули корҳои гуногуни сохтмонӣ ҳастанд.

Пас аз мавриди истифода қарор додани иншоот дар чойхона зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мегарданд.

Дар маҷмуъ мувофиқи тарҳ намои беруна, сақф ва девору толорҳои иншооти нави фарҳангиву хизматрасонӣ бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, оянда дар ин ҷо барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.

Шиносоӣ бо рафти сохтмони Чойхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе 03.05.2025

Июнь 3, 2025 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд