Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои КВД «Шаҳри ҳушманд»-ро ифтитоҳ намуданд

Июнь 20, 2025 08:32

ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД «Шаҳри ҳушманд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 майи соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис дода шудааст.

Бинои нав дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст ва дар он зиёда аз 200 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Дар ин бино барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст.

Бино дар масоҳати 63 садяк замин сохта шуда, аз 94 утоқи корӣ, 4 маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, Маркази коркарди маълумот, Маркази назоратӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Тасмим аст, ки Маркази коркарди маълумот қобилияти нигоҳдории ҳаҷми калони маълумотро доро буда, он бо насли нави технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Барои нигоҳдории маълумот дар он зиёда аз 120 пойгоҳи ҳифзи иттилоот васлу насб карда мешавад.

Маркази назоратӣ бошад, дар масоҳати 200 метри мураббаъ сохта шудааст, ки дар он 35 нафар оператор, кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе шабонарӯзӣ фаъолият карда, амнияти шаҳрвандон ва назорати фаъолияти инфрасохтори пойтахти кишварро таъмин менамоянд.

Китобхонаи барҳавою муҷаҳҳаз ва толори машқварзӣ барои кормандон аз имкониятҳои дигари иншооти нав ба ҳисоб меравад.

Аснои муаррифии тарҳу лоиҳаҳои тавассути корхона амалишаванда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» сохторест, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва коммуникатсия ба роҳ монда мешавад.

“Шаҳри ҳушманд”, ин консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният ва ғайра мебошад.

Таъкид гардид, ки ташкили “Иқтисоди рақамӣ”, “Нақлиёти ҳушманд”, “Тибби ҳушманд”, “Таълими ҳушманд”, “Рӯшноии ҳушманд”, “Иқтисоди сабз” (Шаҳри сабз), “Харитаи электронӣ” ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” роҳандозӣ шудааст.

Рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе насби сутунпояҳои алоқаи мобилӣ, амалисозии Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi, тарҳи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он”, таҳияи “Харитаи электронӣ”, “Рақамикунонии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе-«Нақлиёти ҳушманд»”, фаъолсозии “Шаҳри бехатар” ва ғайраҳо аз зумраи корҳоест, ки тариқи Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳоли иҷро қарор доранд.

Дар корхона барои анҷоми амалиёт тавассути технологияи иттилоотӣ беҳтарин мутахассисони ҷавон, ки аксарияташон хатмкардаҳои муассисаҳои олии таълимии ватаниву хориҷӣ буда, донандагони хубӣ забонҳои хориҷиву кор бо технологияи иттилоотӣ мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ошноӣ бо имкониятҳои бинои наву замонавии КВД “Шаҳри ҳушманд” ва суҳбат бо мутахассиосни соҳа, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки ба хотири амалишавии самараноки лоиҳаҳои ҳушманд ва ба шаҳри инноватсионӣ табдил додани Душанбе, ҷалби шарикони рушд ва сармояи дохилӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Ба истифода додани бинои КВД "Шаҳри ҳушманд (Smart city)"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 20.06.2025

Июнь 20, 2025 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид