Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ иншооти навбунёди 6-ошёнаи Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2021 аз ҷониби 5 соҳибкори ватандӯст, оғоз гардида буд. Иншоот бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ дар масоҳати умумии 643 садяк замин бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир бунёд шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Шурои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ошёнаи дуюми марказ ҷойгир аст, дорои 9 ҳуҷраи муосири корӣ ва толори маҷлисӣ бо 30 ҷойи нишаст мебошад.
Дар баробари 4 аъзои Шурои иттифоқҳои касабаи вилоят боз 20 корманди иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ, нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ, комплекси агросаноатии вилоят низ дар бинои навбунёд, бо шароити муосири корӣ, таъмин гардидаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамоварда ба иқдоми соҳибкорони шаҳри Хоруғ баҳри бунёди чунин як иншооти зебо баҳои баланд доданд.
Аснои боздид дар пешайвони бинои муосир ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.
Дар гӯшае барои ҷалби сайёҳон армуғонҳои хотиравӣ, ба монанди ҷӯроб ва шероз, намунаи сангҳои ороишии Бадахшон ба намоиш ва фуруш гузошта шудаанд.
Ҳамчунин дар иншооти муосир коргоҳи ширкати “Хушкори Хоруғ”, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ ва чопӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ, аз ҷумла тайёр намудани шиору овезаҳо, оро додани дохили биноҳои нав тавассути тайёр намудани нишона, лавҳа, навиштаҷот, ҳарфҳои равшандиҳанда машғул мебошад, ҷойгир шудааст.
Инчунин, дар ошёнаҳои дигари иншооти муосир, маркази фароғату истироҳати кӯдакон, кинотеатри хурд барои кудакону калонсолон ва қаҳвахонаҳо бо таомҳои гуногуни милливу аврупоӣ пешбинӣ гардидааст.









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






