Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии «Тоҷ-Корея»-ро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 25, 2025 15:12

ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад.

Дар марҳилаҳои баъдӣ шумораи коргарон, ки ҳоло 20 нафарро ташкил медиҳад, ба зиёда аз 100 нафар ва ҳаҷми истеҳсоли гушти моҳӣ солона то ба 1000 тонна расонида мешавад.

Ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии тозабунёд аз ҷиҳати сохт ва технологияи парвариш аз дигар ҳавзҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ фарқ дошта, дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ бо ҷалби сармояи Корея ва Олмон таъсис ёфтааст ва дар он ду намуди моҳӣ — Салмон ва Кохо парвариш меёбад.

Гӯшти ин намуди моҳиҳо дар ҷаҳон талаботи зиёд дорад ва бо назардошти ин муассисон оянда нақша доранд, ки маҳсулотро дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд.

Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад.

Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.

Муддати тухммонӣ дар озмоишгоҳ аз 20 то 40 рӯз ва вазнгирии моҳӣ то 80 рӯзро дар бар мегирад. Яъне дар давоми қариб 3 моҳ моҳичаҳо аз 60 то 150 грамм вазн гирифта, ба ҳавзҳои калон интиқол дода мешаванд.

Тибқи нақша оянда бо ворид шудани технологияи муосир дар шафати озмоишгоҳ моҳиҳои навъи Салмон ва Кохо дар шакли нав коркарду банду баст шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба ташаббуси муассисон барои ташкили чунин иншооти замонавӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли ин намуди моҳиҳоро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.

Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ- Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз 25.06.2025

Июнь 25, 2025 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд