Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба истифода доданд

Июнь 20, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар замин қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” сомон ёфта, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Саҳн ва атрофи бинои Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.

Дар ин иншоот толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезиологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст.

Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чашм ҷой дода шудаанд. Марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад.

Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омода намудани маводи доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд.

Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи донишгоҳ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии донишҷуён мусоидат менамояд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 20.06.2025

Июнь 20, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд