Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия идома доранд
ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 5 июн Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳрҳои Москва ва Қазон доир мегардад.
2 июн дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия намоиш таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» ифтитоҳ гардид, ки то 5 июн идома меёбад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудаст.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия чор маротиба – солҳои 2005-2011-2015-2022 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба- солҳои 2005-2010-2014-2017-2021 баргузор гардидаанд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аввалин маротиба моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида, дар расми ифтитоҳи он Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон




























«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






