Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия доир гардид

Июнь 5, 2025 11:41

ДУШАНБЕ, 05.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар Театри давлатии ба номи Галиасгари Камоли шаҳри Қазон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар барномаи  рангину пурмуҳтаво аз ҷониби ҳунармандони тоҷик суруду оҳангҳо ва рақсҳои миллӣ пешниҳод шуданд, ки писанди иштирокдорон гардид.

Тавре қаблан иттилоъ додем,  аз 1 то 5 июн дар шаҳрҳои Москва ва Қазон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  баргузор мегарданд.

2 июн дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия намоиш таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» ифтитоҳ гардид, ки то 5 июн идома меёбад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия чор маротиба – солҳои 2005-2011-2015-2022 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба- солҳои 2005-2010-2014-2017-2021  баргузор гардидаанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2025 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд