Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард

Июнь 4, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 июн  Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 5 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои  ИДМ баргузор мегардад.

Хотиррасон  мешавем, ки дар соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»