Раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо дастгирии молиявии Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи раванди амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки бо дастгирии молиявии Бонки Олмонии рушд (KfW) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо директори минтақавии Бонки Олмонии рушд (KfW) дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва мудири кишварии Бонки рушди KfW дар Осиёи Марказӣ Петар Георгиев дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд.
Ҷониби Олмон маълумоти муфассал дар бораи ташаббусҳои ҷорӣ пешниҳод намуда, омодагии худро барои рушди шарикӣ бо Тоҷикистон дар асоси устуворӣ ва дарозмуддат таъкид намуд.
Ҳамзамон имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, мусоҳибон ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ, ислоҳоти қонунгузорӣ ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ диққати махсус зоҳир карданд. Таъкид шуд, ки рушди энергияи сабз, таҳияи таҳқиқоти техникию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои стратегӣ аз самтҳои муҳим ба шумор мераванд.
Ҷониби Олмон ҳавасмандии худро нисбат ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши саноат, инчунин истихроҷ ва коркарди ашёи хом баён дошта, омодагии худро ҷиҳати баррасии ташаббусҳои нав дар ин самтҳо иброз намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳар ду ҷониб омодагии муштараки худро ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ иброз доштанд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳруии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






