Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Забӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Забӣ Муҳаммад Солеҳ Ал-Ҷазирӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо бар зарурати таҳкими шарикӣ дар бахши сайёҳӣ байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва Аморот дар чаҳорчӯби санадҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Мусоҳибон ба мақсади афзоиши теъдоди сайёҳон ба мамлакатҳои ҳамдигар танзими вохӯриҳои машваратӣ байни намояндагони мақомоти дахлдор, ширкатҳои сайёҳию ҳавопаймоӣ, ташкили брифинг ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷомеаи аморотиро муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






