САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд

Июнь 7, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат бо сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, хусусан дар вохӯриҳои анъанавӣ бо занони фаъоли ҷумҳурӣ ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ дар мавриди гузаронидани ҷашну маъракаҳо ва оростани дастархони идона, хусусан занонро ба сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ва самаранок истифода намудани буҷети оилавӣ ҳидоят менамоянд.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «баъзан миёни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад. Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт, зеро дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст».

Ҳамзамон Пешвои миллат бо овардани мақоли халқии «ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд», изҳор доштанд, ки «соҳиби дастархону маъракаҳо ва сарфакори беҳтарини зиндагӣ, шумо, занону модарони ҳастед».

Муовини директори Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ин ишораҳо моро водор месозанд, ки маъракаҳоро камхарҷ гузаронем, зиёдаравӣ накунем, ба қадри нозу неъмати зиндагӣ расем ва талаботи қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба хотири рӯзгори ободу оилаи хушбахт ҳамеша риоя намоем.

«Дар ғанӣ гардонидани буҷаи оила нақши занон хеле бузург аст, зеро мардҳо ба истилоҳ маблағворидкунандаи асосӣ дар хонаводаҳо ба ҳисоб мераванд. Аммо чӣ гуна сарф намудани маблағ, ба харҷи беҳуда роҳ надодан ва буҷаи оиларо ғанӣ гардонидан ба занон вобастагӣ дорад»,-андеша дорад Маҳбуба Азимова.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар оила, пеш аз ҳама занон бояд намунаи ибрат бошанд. Мутаассифона дар аксар маврид онҳо сабаби роҳ додан ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ мегарданд, ки ин кори оқилона нест.

— Занонро зарур аст дар баробари модари ғамхору тарбиятгари насли оянда будан, инчунин сарфакори хонадон бошанд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар аксар маврид ба харҷи беҳуда роҳ медиҳанд. Онҳо дар маъракаҳояшон дастархони бодабдаба ороста, ба зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ роҳ медиҳанд,-илова кард номбурда.

«Хуб мебуд занони тоҷик маблағҳои оилавиро на барои гузаронидани маъракаҳои серхароҷот, оростани хони пурнозу неъмат ва харидории либосҳои гаронарзиш сарф кунанд, балки барои таълиму тарбияи фарзандон, хусусан баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинию забондонӣ, ба камол расонидани онҳо ва беҳдошти вазъи иҷтимоии хонадон истифода намоянд»,-афзуд Маҳбуба Азимова.

Дар истифодаи маблағҳои хонавода ва иҷрои аксар расму оинҳо занону бонувон нақши меҳварӣ доранд, ки сарфаю сариштакор будани онҳо бояд дар мадди аввал бошад.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» на барои ҳавою ҳавас, балки маҳз ба хотири пешгирӣ кардани сарфу хароҷоти миёншикан ва исрофкориву намоишкорӣ баъди мулоҳизаву муҳокимаҳои зиёд ва омӯзиши чандинсолаи афкори умум қабул гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёбад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд