Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд

Июнь 3, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Иншооти муҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо ба фароҳамсозии инфрасохтори кору хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахти кишвар мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 15 марти соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ дар пойтахт оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуда буданд.

Ҳоло дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ, кашидани ноқилҳои барқу интернет, хати обу корезӣ, гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, ороиши даруни биноҳо, сафолакпӯшонӣ ва дигар корҳо ҷараён дорад.

Дар доираи муаррифии лоиҳаи иншоот ва масолеҳи сохтмонии истифодашаванда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисонро барои босифат ва мувофиқ ба талаботи стандартӣ бо дарназардошти унсурҳои миллӣ ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуданд.

Дар варзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ, 36 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон (VIP), 9 нуқтаи тиббӣ, 36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Ҳоло аз ҷониби 725 мутахассису коргар ҳамарӯза сохтмон аз рӯи лоиҳа пеш бурда мешавад.

72 дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мегардад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Равшанӣ дар майдон ва ҷойҳои нишаст тавассути 312 чароғи махсус таъмин мегардад.

Бунёди иншооти калони варзишӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи бозиҳои бомуваффақи ҷавонони тоҷик барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ва минтақа заминаи воқеӣ мегузорад.

Ба атрофи Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути насби лавҳаҳои алюминӣ тарҳи замонавӣ бахшида мешавад, ки мавҷҳои обро таҷассум хоҳад намуд. Дар атрофи варзишгоҳ бунёди фаввораҳои замонавӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон аз болои дарёи Варзоб ва Лучоб барои рафту омади ҳаводорони футбол ду пул мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ сохта шуда, ин макон ба шаҳраки муосири варзишӣ табдил дода мешавад.

Дар маҷмуъ бунёди Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси лоиҳа мувофиқ ба талаботи Федератсияи байналмилалии футбол ҷараён дошта, дар он барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ шароит фароҳам мегардад.

Футбол маҳбубтарин намуди варзиш дар ҷаҳон аст. Дар асоси пешниҳоди Президенти Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 25 май дар саросари олам ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон фароҳамшавии имкониятро барои ташаккули ин намуди варзиш, мизбонии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Шиносоӣ бо рафти сохтмони Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон 03.06.2025

Июнь 3, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд