Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд

Июнь 5, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби Иттиҳод ва рӯзномаи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон, аз ҷумла тадбирҳои андешидаи кишвари мо дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрам андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи иштироки худ ва бахусус, раёсати феълӣ дар ИДМ барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи ҳамаи кишварҳои иштирокдори он корҳои созанда мебарад.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки тадбирҳои дар ин самт андешидаи мо, пеш аз ҳама, бар усулҳои дӯстӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ, ҳамкории барои ҷонибҳо судманд ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамаи тарафҳо асос ёфтааст.

Дар ин зимн Сарвари давлат омодагии Тоҷикистонро барои минбаъд низ густариш додани ҳамёрӣ дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ баҳри таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, таҳкими суботу амният дар саросари Иттиҳод таъкид намуданд.

Роҳҳои густариши ҳамкории кишварҳои иштирокдори Иттиҳод дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, ҷалби сармоя, инноватсия ва рақамикунонӣ, аз мавзуъоте буд, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли онҳо як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат зимни суҳбат ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва илму техника таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Гуфта шуд, ки қабули Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 масъалаи муҳими раёсати Тоҷикистон дар доираи Иттиҳод мебошад.

Дар бораи рушди ҳамгироии кишварҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҷонибдории ташаббусҳои якдигар баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ ва натиҷаҳои нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо андешаронӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир зарур шумурда шуд.

Дар фароварди суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ барору комёбӣ орзу намуданд.

Мулоқот бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 05.06.2025

Июнь 5, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд