Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 20, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати 15 моҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бо тарҳи муосир ва харҷи 20 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шуда, дар вақти сохтмони он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.

Муассисаи тозабунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, машғул шудани онҳо бо бозиҳои гуногуни шавқовар ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Дар кӯдакистони нав 24 парастор ва кормандони соҳаи педагогӣ ва 21 корманди маъмуриву техникӣ дар маҷмуъ 45 нафар ба кор таъмин шудаанд.

Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 12 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои хоб, ҳаммом, толорҳои варзишӣ, мусиқӣ, рақс, хореографӣ, рассомӣ, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда, он дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ ва босаводу донишманд гардонидани онҳо ҳидоят намуданд.

Мувофиқи нақшаи генералӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.

Дар ин замина қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири ҳамин сол дар пойтахт 10 кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» дар шаҳри Душанбе 20.06.2025

Июнь 20, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд