Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 27, 2025 12:22

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқдоми назаррас дар роҳи беҳтарсозии шароити зисти кормандони сохторҳои давлатӣ ва мутахассисони баландихтисоси соҳа арзёбӣ мегардад.

Бино аз 48 манзили истиқоматӣ иборат буда, бо усули муосири меъморӣ сохта шудааст ва дорои ҳамаи шароити зарурӣ барои зиндагии шоиста мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз манзилҳои истиқоматӣ ва вохӯрӣ бо сокинон, таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, бахусус мутахассисони ҷавон, аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Сол то сол баланд гардидани маоши кормандон, таъмини зиндагии арзанда ва дар ин баробар қадрдонии онҳо бо имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дониста мешавад.

Сокинони хуштолеъ, ки имрӯз соҳиби манзили доимӣ гардиданд, бо қаноатмандӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар барои дастгирии пайваста ва ғамхориҳои падарона изҳори сипос намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ бозгуи равшани татбиқи амалии сиёсати адолатпарвар, иҷтимоимеҳвар ва инсонсолори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба таҳкими суботи иҷтимоӣ, рушди кадрӣ ва вусъати ҳаёти муосир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такони тоза мебахшад.

Зимни суҳбат Сарвари давлат бо соҳибхонаҳо, ки дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият доранд, таъкид доштанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ҳар як хизматчии давлатиро зарур аст, ки аз гузашта дида масъулияти бештар ҳис намоянд ва ба василаи муттаҳиддию сарҷамъӣ дар рушд ва пешрафти кишвар ҳиссагузор бошанд.

Иншооти ифтитоҳшуда намуна ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони кӯҳистон ва хизматчиёни давлатӣ арзёбӣ гардид.

Ифтитоҳи бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Хоруғ 27.06.2025

Июнь 27, 2025 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд