Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузар, ки ду соҳили рудхонаи Ғундро дар мавзеъҳои Шарифобод ва Паринен пайваст менамояд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот 1 июни соли 2023 оғоз гардида буд.
Дарозии пул 200 метр ва паҳноияш 10 метр аст.
Пули замонавӣ бо 7 сутуни устувор, деворҳои муҳофизатӣ ва такядеворҳо мустаҳкам карда шудааст.
Сохтмони пул дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ва марҳилаи чоруми “Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи марказӣ” дар шаҳри Хоруғ анҷом дода шудааст.
Дар шафати пули мошингузар панҷараҳои оҳанин насб гардида, аз ду тараф роҳи пиёдагард бо паҳноии 2,20 метр сохта шудааст.
Инчунин, мутобиқи талабот зери новаҳои обгузар дигар конструксияҳои оҳану бетонӣ насб гардида, гирду атрофи пул чароғон карда шудааст.
Иқтидори борбардории пул 80 тоннаро дар бар гирифта, аз ду тарафаш зинапояҳо барои сокинон бо тарҳу меъмории муосир сохта шудааст.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Шарифобод василаи беҳтарини рафтуомади сокинон ва коҳиши танбашавии нақлиёт дар шаҳри Хоруғ мешавад.
Сокинон аз бунёд ва мавриди ба истифода қарор гирифтани пули мошингузар изҳори хушнудӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






