Сарвазири Тоҷикистон: «Кишварҳои ИДМ рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳамаҷонибаро тасдиқ намуданд»

Июнь 5, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 05.06.2025/АМИТ «Ховар»/. «Кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳамаҷонибаро дар доираи Иттиҳод тасдиқ намуданд», — гуфт имрӯз дар нишасти матбуотӣ  Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пас аз ҷаласаи Шуро.

Сарвазири мамлакат  иброз дошт, ки «зимни ҷаласаи Шуро мубодилаи ҳамаҷониба ва муфассали афкор доир ба маҷмуи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ анҷом дода шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими савдои мутақобила, рушди ҳамкории саноатӣ, гуногунсозии иқтидори содиротӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва меъёрҳои байналмилалии сифат равона карда шуд».

«Мавқеи кишварҳо оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд мутобиқ буда, ин омил ба таҳкими ҳамгироӣ ва фаҳмиши мутақобилаи  байни давлатҳои мо мусоидат мекунад»,-тазаккур дод Қоҳир Расулзода.

Ёдовар мешавем, ки дар  ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов, Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Мгер Григорян,  муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Ходжамират Гелдимирадов ва Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд