Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори генералии «Роҳи оҳани Русия» Олег Белозёров мулоқот намуд

Июнь 11, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Роҳи оҳани Русия» Олег Белозёров  мулоқот намуд.

Бо ёдоварӣ аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла таҳкими ҳамбастагии иқтисодию нақлиётӣ ва рушди робитаҳои логистикӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки ҷаласаи 82-юми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе барои муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини рушди нақлиёти роҳи оҳан заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ин замина таъкид карда шуд, ки мушкилоти геоиқтисодии муосир аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақозо менамояд, ки дар рушди инфрасохтори устувор, боэътимод ва самараноки нақлиётӣ ҳамоҳангии бештар дошта бошанд.

Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ барои тавсеаи имкониятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва василаҳои пайвастани он ба шоҳроҳҳои баҳрию бозорҳои ҷаҳонӣ табодули судманди афкор анҷом дода шуд.

Июнь 11, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд