Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки имрӯз ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин нишасти матбуотӣ иттилоъ медиҳад.
Сергей Лебедев афзуд, ки «кишварҳои ИДМ ҳамкории густурда доранд. Аз ҷониби сарони ҳукуматҳо имзо шудани Низомнома дар бораи Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳамасола баргузор мешавад, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ташаббуси баргузории Форуми волонтёрони ИДМ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод шудааст. Бинобар ин, Қазоқистон аввалин шуда мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад».
Форуми волонтёрон чорабинии ҳамасола хоҳад буд, ки ба табодули таҷриба, рушди ҳаракати волонтёрон ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ нигаронида мешавад.
— Форуми волонтёрон таҳти сарпарастии Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз ҷониби ҳар як давлати Иттиҳод бо навбат, бо тартиби алифбои русии номҳои давлатҳо баргузор мешавад, — иброз дошт Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев дар нишасти матбуотӣ.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






