Шаҳрвандони Эрон аз бақайдгирии ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд

Июнь 12, 2025 09:52

ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /НИАТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳои худ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин тадбир дар асоси муомила ба мисл бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025,  таҳти №324  ба банди 24 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон  «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№207, аз 31 марти соли 2020) сархати сеюм бо мазмуни «-Ҷумҳурии Исломии Эрон – барои 30 рӯз» ворид карда шуда, амалӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  шуруъ аз 10 августи соли 2024 дар асоси Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, низоми бераводид амал мекунад.

АКС:  АМИТ «Ховар»

 

Июнь 12, 2025 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид