РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд

Июнь 27, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон ба вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ, сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.

Манзараҳои табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Хатлонзамин, рӯду чашмаҳои зулолу шифобахш ва дигар имконияту иқтидори сайёҳии ин минтақа, аз ҷумла шаршараи Сари Хосор, кӯҳи Чилдухтарон, Чилучорчашма, Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Мавлоно Қутбидин, Шоҳи Хомӯш, Ёрмуҳаммади Валӣ, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, осорхонаи Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Мир, Қалъаи Муъминобод, шаҳраки Золи Зар, Теппаи Қурғон, маскани Хонақоҳ, Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро ҳар сол садҳо нафар сайёҳон тамошо менамоянд.

Тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда ва дорои имкониятҳои рушд мебошанд. Махсусан, мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамоянд.

Ҳамин аст, ки ёдгории таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Мамнуъгоҳи «Бешаи Палангон» ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва имкони ҷалби шумори зиёди сайёҳонро фароҳам меоранд.

Ҳамчунин Хатлон макони фарҳангу ҳунар буда, байни мардуми ин минтақа ҳунарҳои чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ рушд намудааст. Маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти Хатлонзамин чандин намоишгоҳу фестивалҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст.

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон, аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон соли 2025 барои соҳибкорзанони вилояти 30 грант дар ҳаҷми 515 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Таъсиси чунин грантҳо имкон медиҳад, ки занони ҳунарманд фаъолияти худро рушд дода, ҳунарҳои мардумии халқи тоҷикро рушд дода, ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоянд.

Инчунин бо мақсади инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, тайёр намудани армуғонҳои гуногун бо истифода аз рамзҳои давлатӣ тавассути филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Қубодиён, Ёвон, Данғара, Дӯстӣ, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Фархор ва филиалҳои корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази омӯзиши модулӣ» дар шаҳри Кӯлоб, «Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ» дар шаҳри Норак таъсис дода шудааст.Дар вилоят низ барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти дастӣ ва армуғонҳо нуқтаи фурӯш ва мағозаи фурўши армуғонҳо фаъолият дошта, ҳамарўза ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида истодаанд.

Яке аз роҳҳои дигаре, ки дар вилоят таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб намудааст, ин риояи анъанаҳои қадимаи ҳунармандӣ ва иҷрои расму оинҳои миллӣ аз ҷониби сокинон, хусусан занон мебошад.

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, сайёҳон ҳангоми сафар намудан ба деҳаҳои вилоят на танҳо маҳсулоти омоданамудаи ҳунармандонро харидорӣ мекунанд, балки дар раванди тайёркунии он иштирок намуда, бо зиндагии мардум аз наздик шинос шаванд. Ин омил низ метавонад боиси зиёд гардидани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба деҳаҳои вилоят гардад.

Ёдовар мешавем, ки дар Хатлон 933 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 240 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 27, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд