Шуруъ аз 16 июн байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим анҷом дода мешаванд

Июнь 13, 2025 12:08

ДУШАНБЕ, 13.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 16 июни соли 2025 байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» амалӣ карда мешаванд.

Хатсайри мазкур бо ибтикори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти авиатсияи гражданӣ ифтитоҳ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Дар ин замина, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд.

Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳо моҳи марти соли 2025 ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар мулоқоти судманд байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва муовини якуми Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, инчунин бо роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» баргузор гардид.


Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар партави сиёсати дарҳои боз ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии мамлакат шумораи хатсайрҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ мунтазам афзоиш меёбад. Дар ин замина, хатсайрҳои нав байни Душанбе ва шаҳрҳои Истанбул, Дубай, Москва, Алмато, Тошканд, Деҳлӣ ва Теҳрон фаъол гардидаанд, ки дар муаррифии иқтидори транзитии мамлакат ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ нақши муҳим доранд.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар оянда низ бо мақсади тақвияти рақобатпазирии соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон, ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи ҷаҳон идома хоҳад ёфт ва шумораи парвозҳои байналмилалӣ пайваста зиёд мегардад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 13, 2025 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид