Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Париж дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ (IHP)-и ЮНЕСКО ва 60-солагии илмҳои оби ЮНЕСКО иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҳадаф аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо мебошад.
Дар робита ба ин, баён гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори пешсафи байналмилалӣ дар соҳаи об омода аст ҳамкориро бо ЮНЕСКО ва кишварҳои аъзо ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, густариши илмҳои об ва татбиқи ташаббусҳои глобалӣ дар ин самт идома диҳад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд






