Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» иштирок намуд

Июнь 7, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн  дар шаҳри Деҳлии Нав нишасти 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир ба масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамкории мутақобила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, соҳаҳои саёҳат, маориф, тандурустӣ, рақамикунонӣ, фарҳанг, саноат, омода кардани мутахассисон ва дигар ибрози ақида намуда, ҷиҳати самарнок истифода бурдани механизмҳои мавҷуда даъват ба амал овард.

Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла тақвияти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, вазъи амниятии минтақа, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои киберамният, инфрасохтори рақамӣ ва маъданҳои стратегӣ муҳокима шуданд.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон раванди рушди ҳамкории бисёрҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни ҷаласа ҳамчунин рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва байнибонкӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Имкониятҳои бандари Чобаҳор барои содагардонии дастрасӣ ба бозорҳои Ҳиндустон ва дигар кишварҳо, инчунин долони нақлиётии байналмилалии Шимолу Ҷануб, ки Ҳиндустонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти густариши сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, дорусозӣ, технологияи иттилоотӣ ва инфрасохторро таъкид намуданд. Дар баробари ин, табодули фарҳангӣ ва ташаббусҳои башардӯстона ҳамчун ҷузъи муҳими таҳкими робитаҳои мардумӣ арзёбӣ гардиданд.

Дар анҷоми  нишаст иштирокчиён изҳороти муштаракро қабул намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд