Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишасти мазкур, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла тадбирҳо ҷиҳати вокуниш ба таҳдидҳои муосир дар минтақаи масъулияти созмонро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирон якчанд қарорҳоро бо ҳадафи самаранокии фаъолияти минбаъдаи Созмон имзо намуданд.
Ҳамчунин баёнияҳо дар бораи муқовимат бар зидди тундгароӣ, ки боиси терроризму ифротгароӣ мегардад, инчунин вобаста ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ ва вазъият дар Ховари Миёна қабул шуданд.
Ҷонибҳо аз татбиқи марҳилаи якуми «Барномаи мақсадноки байнидавлатии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон» истиқбол карданд.
Ҳамчунин мулоқоти Президент Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин созмон баргузор шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид






