Сироҷиддин Муҳриддин ширкатҳои иштирокдори Шурои соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустонро ба Душанбе даъват намуд

Июнь 7, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Деҳлӣ дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон», Шурои соҳибкорон бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокчӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид намуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон бо такя ба манфиатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва саноат таҳким меёбанд.

Дар идома, Сироҷиддин Муҳриддин ширкатҳои ҳиндиро барои иштирок дар Шурои байналмилалии нассоҷӣ, ки 8–10 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд. Ин чорабинӣ ба густариши бештари ҳамкории саноатии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ равона гардид.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси марказҳои муштараки логистикӣ ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва транзитӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар робита ба густариши инфрасохтори нақлиётӣ, ҷонибҳо долонҳои муҳими минтақавӣ, аз ҷумла бандари Чобаҳор ва долони «Шимол – Ҷануб»-ро ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ карданд.

Муколама бозгӯи иродаи қавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ҷиҳати таҳкими ҳамкории бисёрҷанба ва мусоидат ба субот ва рушди устувори минтақа мебошад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд