Соҳибкорзан Зарринаи Сафаралӣ: «Дастрасӣ ба гранти президентӣ омили пешрафти соҳибкории занон аст»
ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъ ва мавқеи занон дар ҳамаи соҳаҳо ба таври мусбат беҳбудӣ бахшид. Дастгирии фаъолияти соҳибкорзанон имрӯз ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ амалӣ мегардад.
Таъсиси грантҳои президентӣ, қабули қарорҳои Ҳукумати мамлакат «Дар бораи дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025 ва «Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» барои беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иҷтимоию иқтисодии занон шароити мусоид фароҳам меорад. Ин санадҳо рушди соҳибкории занонро низ дар бар гирифта, ба таъсиси ҷойи нави кор ва дигар самтҳо равона шудаанд.
Зарринаи Сафаралӣ аз зумраи заноне мебошад, ки бо таъсиси коргоҳи хурди дӯзандагӣ дар ноҳияи Нуробод ҳамчун соҳибкорзан фаъолият дошта, дар айни замон дар пешрафти иқтисоди оила саҳмгузор аст.
Ӯ соли 2024 бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ маблағи гранти президентиро ба даст овард. Бо ин маблағи бебозгашт, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкории занон равона гардидааст, таҷҳизоти зарурии дӯзандагӣ харид.
«Мо дар коргоҳамон 4 зани хунармандро бо ҷойи кор таъмин намуда, ба 15 ҷавондухтари аз 15-сола боло касб омӯзонидем. Аслан ин духтарон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна мебошанд. Онҳо баъди дарс омада, ҳунари куртадӯзӣ, порадӯзӣ, сӯзанидӯзиро меомӯзанд»,-гуфт Зарринаи Сафаралӣ.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, имрӯз ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ, хусусан куртадӯзӣ ва ороиш додани куртаҳо бештар майл доранд.
«Аксари духтароне, ки ба коргоҳи мо барои ҳунаромӯзӣ меоянд, куртадӯзиро интихоб мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳадди ақалл куртаҳои занони хонаводаи худро дӯзанд. Дар баробари ин онҳо ороиш додани пеши куртаҳоро ёд мегиранд, зеро ҳоло ин ҳунар аз ҷониби аксар дӯзандаҳо бо нархи қимат пешниҳод мешавад»,-мегӯяд Зарринаи Сафаралӣ.
Инчунин онҳо дар коргоҳашон ба дӯхтани болопӯши рахти хоб машғул ҳастанд. Бо қисмҳои ҳарбӣ, беморхона ва боғчаҳои ноҳия шарномаи ҳамкорӣ баста, барои онҳо болопӯши рахти хоб медӯзанд.
Зарринаи Сафаралӣ мехоҳад дар оянда самти фаъолияташро рушд дода, занони ҳунарманди хонанинишинро бештар бо ҷойи кор таъмин намояд.
Зарринаи Сафаралӣ дар баробари ҳунарманд будан инчунин омӯзгор мебошад. Ӯ дар Маркази таҳсилоти иловагии шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод «Маҳфили омӯзиши забони русӣ» ташкил намуда, ба хонандагон забони русӣ меомӯзонад. Ин зани омӯзгор-соҳибкор дар суҳбат бо мо аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ёдовар шуда, изҳори миннатдорӣ намуд.
«Маҳз дастгириҳои Сарвари давлат мебошанд, ки имрӯз мо, занон дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ ва сайёҳӣ фаъолияти пурсамар дорем. Фаъолияти хурди соҳибкории занон ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии оила мусоидат менамояд»,-мегӯяд Зарринаи Сафаралӣ.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо рушд намудани соҳаи сайёҳии мамлакат шумораи сайёҳони хориҷӣ зиёд гардидааст, ки онҳо зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳатман аз ҳунари дастии занони тоҷик маҳсулот харидорӣ менамоянд. Дар ин ҳол метавон гуфт, ки вуруди онҳо ба Тоҷикистон ба рушди иқтисоди мамлакат ва харидорӣ намудани маҳсулоти ҳунармандӣ ба иқтисоди оилаҳои ҳунарманд таъсири мусбат мерасонад.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Кумитаи андози мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2025 теъдоди занони соҳибкор дар сатҳи ҷумҳурӣ ба 108 ҳазору 95 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 186 нафар зиёд мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Бахшида ба 20-солагии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конфронси 3-юми байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиши фоизи қарзҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур доданд






