Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд

Июнь 30, 2025 13:54

ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ мушкилоти ҷиддии таъмини обро барои сокинони шаҳри Анқара пеш овардааст.  Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАДЖ иттилоъ  медиҳад, сатҳи об дар зиёда аз даҳ обанборе, ки пойтахти Туркияро  бо об таъмин мекунанд, то 15 дарсад поён  рафтааст. Сардори Раёсати идоракунии хоҷагии оби Анқара (ASKİ) Мемдух Аслан Акчай сокинони шаҳрро ба сарфаи ҷиддии об даъват намуд.

Сардори  Раёсати идоракунии хоҷагии оби Анқара  шарҳ дод, ки истифодаи об дар шаҳр  имрӯз 325 миллион метри мукааб дар як сол ва ба ҳисоби миёна ба сари аҳолӣ 240 литр дар як рӯзро ташкил медиҳад.

«Бо захираҳои мавҷуда об ҳамагӣ барои 170-180 рӯз кофӣ хоҳад буд», -таъкид намуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон дар мавриди захираи обии Анқара пешгӯиҳои номатлубро баён мекунанд. Ба ақидаи онҳо, агар дар солҳои наздик  сарчашмаҳои нави обрасонӣ пайдо нашаванд, бӯҳрони об дар Анқара ногузир хоҳад шуд.

«Захираҳои оби зеризаминие, ки дар баробари боришот обанборҳои пойтахтро пур менамоянд, тамом мешаванд. Хушкӣ ва афзоиши аҳолӣ нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст. Ягона манбаи эҳтимолии оби тоза барои Анқара дарёи Гереде аст, ки ба Баҳри Сиёҳ мерезад», — мегӯянд коршиносон.

 АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 30, 2025 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад