Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон беш аз 4 ҳазор сокини маҳалла бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки хатти нави оби нӯшокӣ аз чоҳи амудии наздикии кӯл ба масофаи 2400 метр бо истифода аз лӯлаҳои дорои қутри 160 мм кашида шудааст. Бо амалӣ гардидани ин лоиҳа, сатҳи таъминот бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалла ба маротиб беҳтар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёду навсозии 12 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 10 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Кашидани хатти нави оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Наврӯз яке аз намунаҳои амалии чунин иқдомҳои шоиста ба шумор меравад, ки ба муносибати таҷлили 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






